Маркази фарҳангии тоҷикон” Рӯзи фарҳанги тоҷикон”-ро дар чаҳорчӯби ҷашнвораи кӯдаконаи “Хонаи ман Маскав” бо дастгирии Хонаи миллатҳои Маскав баргузор кард.
Дар ин рӯз барои муҳоҷирон ва ҳамватанони бурунмарзӣ намоиши санъати миллӣ намоиш дода шуд.
Се ҳунарманди аз рӯи ҳунари мардумии тоҷикон, нақш, гулдӯзии миллӣ ва рақси миллӣ барномаҳои ҷолиб ташкил намуданд.
Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар Хонаи миллатхои Маскав баргузор шуд.
Дар ин чорабинии шавқовари фарангӣ тоҷикони муқими Маскав бо фарзандони худ ширкат доштанд. Кӯдакон ва калонсолон имкон доштанд дар дарсҳои мастер-класс иштирок кунанд. Ҳамчунин онҳо фурсате пайдо карданд бо ҳамдигар суҳбат кунанду ва шиносоиҳои нав пайдо кунанд.