Қатар маблағгузории сохтмони НБО “Роғун” ва фурудгоҳи байналмилалии Данғараро меомӯзад

Мақомоти Тоҷикистон иддао дорад, ки давлати Қатар омӯзиш ва баъди он маблағгузории як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки ҷумҳуриро меомӯзад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Давҳа ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию техникӣ баргузор шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ин ҷаласа бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқизода Завқӣ ва Вазири тиҷорат ва саноати Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Ҳамад Оли Сонӣ сурат гирифтааст.
Дар рафти ҷаласа тарафҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои байни ду кишвар дар соҳаҳои иқтисодиёт, тиҷорат, молия, саноат, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, иқтисоди сабз ва рақамӣ, андоз, стандартизатсия, сармоягузорӣ, бахши хусусӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳанг, сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои дорои манфиати муштарак дошта мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷалби сармоягузорӣ - амри зарурӣ: музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қатар
Тавре манбаъ қайд кардааст, дар ҷавоб ба дархости ҷониби Тоҷикистон ҷониби Қатарӣ омӯзиш ва баъди он маблағгузории як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки кишварро оғоз менамояд.
Ба иттилои манбаъ аз ҷумла ҷониби Қатар маблағгузории сохтмони НБО Роғун, лоҳаи сохтмони фурудгоҳи байналмилалии мусофиркашонӣ ва карго дар ноҳияи Данғара, модернизатсия “Ширкати Алюминийи Тоҷик" (ТАЛКО), идомаи сохтмони маҷмааи истиқоматии "Диёри Душанбе", сохтмони биноҳои баландошёна дар шаҳри Душанбе ва инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии ширкати “Сомон эйр” меомӯзад.
Ҳамчунин давлати Қатар баъд аз омӯзиши лоиҳаҳоо, таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ, сангҳои ороишӣ ва хӯрокворӣ, маркази муосири логистикӣ, кушодани хатсайрҳои мусофирбарии мустақим байни Душанбе ва Давҳа, инчунин қабули 4 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба муҳоҷиратӣ меҳнатӣ омӯхта сипас маблағгузории онҳоро оғоз менамояд.
Ташкили Шӯрои муштараки тиҷорӣ миёни Тоҷикистону Қатар
Қайд карда шудааст, ки дар ҳошияи ҷаласаи Комиссия лоиҳаҳои "Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорат ва саноати Давлати Қатар дар бораи таъсиси Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қатар" ва "Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Маъмурияти минтақаҳои озоди Давлати Қатар" барои гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ пешниҳод гардиданд.
Дар анҷоми ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию техникӣ Протокол имзо карданд.