ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Мураббиёни низомии бритониёӣ дар ҳудуди Украина ҳадафи қонунии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия хоҳанд шуд ва на ҳамчун зархарид, балки ҳамчун мутахассисони НАТО бераҳмона нобуд хоҳанд шуд, гуфт муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев дар шабаки Telegram-и худ.
"Теъдоде камақлҳо дар кишварҳои НАТО дар ҳоли афзоиш аст. Як баақли навтаъйиншда - вазири дифои Бритониё тасмим гирифт, ки курсҳои омӯзиширо барои сарбозони украинӣ ба худи Украина интиқол диҳад", - навиштааст Медведев.
Вай афзуд, мураббиёни бритониёӣ худро ҳадафи қонунии Қувваҳои Мусаллаҳи мо табдил додан, зеро хуб медонанд, ки онҳо бераҳмона нобуд карда мешаванд.
“Онҳо на ҳамчун зархарид, балки ҳамчун мутахассисони бритониёии НАТО нобуд карда мешаванд", - афзуд ӯ.
Медведев дар шабакаи Телеграми худ ҳамчунин дар бораи талаби раиси Кумитаи дифои парлумон (Бундестаг)-и Олмон Мари-Агнес Страк-Зиммерманн дар бораи супурдани мушакҳои "Таурус" ба режими Киев то онҳо тавонад ба қаламрави Русия зарба занад ва тавоноии артиши Русияро заиф кунадро, шарҳ дод.
"Онҳо мегӯянд, ки ин мувофиқи қонунҳои байналмилалӣ аст. Хуб, дар ин ҳолат, ҳамла ба корхонаҳои Олмон, ки ин мушакҳоро сохтаанд, комилан ба қонунҳои байналмилалӣ мувофиқат мекунанд. Бо вуҷуди ин, ин аблаҳон моро фаъолона ба сӯи ҷанги сеюми ҷаҳонӣ такон диҳанд”, - навиштааст муовини раиси Шӯрои амнияти Русия.