ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ахиран аз рафти бунёди хонаҳои истиқоматӣ барои оилаҳои осебдида за садамаи мудҳиш дидан кард, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.
Ёдовар мешавем, ки тибқи дастуру супоришҳои раисҷумҳури кишвар саривақт барои оилаҳои осебдида қитъаҳои замин ҷудо гардида, сохтмони хонаҳо бо маром идома дорад.
Раиси шаҳри Кӯлоб зимни боздид ба масъулин ва сохтмончиён дастур дод, ки бояд ин хонаҳо дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд ба истифода дода шаванд.
Вай ҳамчунин дастур додааст, ки сохтмончиён ба сифати маҳсулот диққати ҷиддӣ диҳанд ва тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шаванд.
Қайд карда шудааст, ки то кунун дар бархе аз хонаҳо корҳои болопӯшӣ, дару тиреза ва дигар корҳои васлу насб ба итмом расида, тибқи нақшаи тасдиқгардида дар муҳлатҳои муайянгардида ба соҳибонашон тақдим карда мешаванд.
Ёдовари мешавем, ки садамаи пурқурбонӣ дар Кӯлоб шоми 6-уми август рух дод. Мошини боркаш, бар асари аз кор мондани дастгоҳи тормоз хонаҳо, худравҳо ва сокинонро зер намуд.
Дар натиҷаи ин фоҷиа 10 нафар ба ҳалокат расида, 13 нафар маҷруҳ шуданд.
Инчунин чандин хонаю мошин хароб гардиданд. Мақомот мегӯянд, ба 7 нафар аз зарардидагон, ки мошинашон осеб дид, мошинҳои нав дода шуданд.