Тоҷикистон аз Бозиҳои Осиёӣ соҳиби боз як медали дигар шуд

Ба хазинаи варзишии кишвар, варзишгари тоҷик дар бахши куштии кураш медали биринҷӣ ворид кард. Ин чорумин медали варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи мазкур аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Хайрандеш Муродзода дар Бозиҳои Осиёӣ аз намуди куштии кураш соҳиби медали биринҷӣ шуд.
Ин аввали медали Тоҷикистон аз куштии кураш дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу -2023 маҳсуб мешавад..
Муродзода дар вазни то 66 кг дар даври аввал бар Ҷое Ҳеддад аз Лубнон пирӯз шуда, дар даври чаҳорякниҳоӣ паҳлавони муғул Энхболд Энхтайванро мағлуб намуд.
Зимнан, дар даври ниманиҳоӣ ӯ аз Маҷид Воҳид Бариманлуи Эрон шикаст хӯрда, ба гирифтани нишони биринҷӣ даст ёфт.
Маврид ба зикр аст, ки ин нишони дуюми биринҷӣ ва медали чаҳоруми ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёӣ мебошад.
Чаро шатранҷбозони тоҷик ба Бозиҳои Осиё-2023 нарафтанд?
Тоҷикистон аз ин мусобиқа як медали тило дорад. Онро Сомонпаҳлавон ба хазинаи варзишии кишвар ворид кард.
Ҳамчунин Темур Раҳимов ба гирифтани медали нуқра сазовор шуда, Беҳрӯз Хоҷазода соҳиби имедали биринҷӣ шуд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 23 сентябр оғоз гардида, то 8 октябр идома меёбанд. Дар ин мусобиқа 481 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 40 намуди варзиш ба роҳ монда шудааст.б