Тоҷикистон ва Белорус ба маблағи 16 млн доллар созишнома имзо карданд

Ҳамкориҳо дар бахшҳои кишоварзӣ, саноат, таъмини ғизо ва ҳамчунин омода кардани кадрҳо барои комплекси агросаноатиро баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дар Душанбе нишасти доираҳои бозаргонии Тоҷикистону Беларус баргузор шуд, ки ба масоили тиҷоративу иқтисодӣ бахшида шуд, хабар дод, агентии Ховар.
Ба ин тартиб, ба навиштаи нашрия, ҷонибҳо ба маблағи беш аз 16 млн доллар қарордод имзо кардаанд.
Комиссияҳои ҳар ду мамлакат масъалаҳои ҳамкориро дар як қатор соҳаҳо: саноат, тайёр кардани кадрҳо барои комплекси агросаноатӣ, хоҷагии қишлоқ, таъминоти озуқаворӣ муҳокима карданд.
Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши бесобиқаи табодули мол бо Белорус хабар дод
Гуфта мешавад, ки ҷаласа таҳти раёсати вазирони кишоварзии Тоҷикистону Беларус Қурбон Ҳакимзода ва Сергей Бартош баргузор шуд.
Вазири тоҷик зимни ифтитоҳи ҷаласа аз афзоиши шоистаи ҳаҷми муомилоти мутақобила миёни Душанбе ва Минск хабар дод.
Ҳамин тариқ, ба гуфтаи ӯ, дар соли 2022 гардиши мол ҳудуди 90 млн долларро ташкил додааст.