ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Шаби 29 ба 30 сентябр футболбозони тими "Истиқлол"-и Душанбе ҷиҳати иштирок дар бозии даври дуюми Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё бо дастаи “Ал-Наср” ба Арабистони Саудӣ сафар намуд.
Ҳайати бошгоҳи Тоҷикистон бо хатсайри транзитии Душанбе - Дубай - Риёз ба сафар баромад.
Ҳамакнун, дастпарварони Игор Черевченко дар шаҳри Риёз бо Роналду ва ҳамдастаҳояш баҳри ба даст овардани имтиёз талош меварзанд.
Маврид ба зикр аст, ки бозии тими "Истиқлол" ва "Ал-Наср" рӯзи 2-юми октябр соати 23:00 бо вақти Душанбе доир мегардад.
"Истиқлол"-и Душанбе дар оғози марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё-2023/24 дар гурӯҳи "Е" бо чемпиони Қатар — дастаи "Ал-Дуҳайл" бозиро мусовӣ (0:0) намуд.
Сармураббии бошгоҳи "Истиқлол" Игор Черевченко қаблан гуфта буд, ки ҳарифонашон дар марҳилаи аввали гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё хеле ҷидди ҳастанд.
Ӯ гуфт, ки талош барои пирӯзиро хоҳанд кард. Вай дар мавриди дастпарваронаш гуфт, ки онҳо таҷрибаи бозӣ дар Аврупо доранд ва ҳама омодаанд дар ин бозӣ ва дар ҳама бозиҳои минбаъда мубориза баранд.