Дар Тошканд кишварҳои ИДМ масоили муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ карданд

Дар пойтахти Ӯзбекистон намояндагони кишварҳои узви ИДМ масоили муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон 27-умин Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои ин ниҳоди давлатӣ дар ин ҷаласа ҳайати Тоҷикистонро муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Нодирӣ Шаҳноза Анвар муаррифӣ кард.
Тибқи иттилои манбаъ дар ин ҷаласа асосан масоили муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро баррасӣ намуда, дар бораи масъалаҳои иттилоотию фаҳмондадиҳии муҳоҷирони меҳнатӣ дар байни аҳолӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар бораи қонунгузории давлати қабулкунанда суханронӣ ва пешниҳодҳо намуданд.
Намояндагии “Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират” дар вилояти Хатлон кай боз мешавад?
Дар ҳамин ҳол ба иттило хабаргузории “БЕЛТА” дар ин ҷаласа аъзои Шӯро дар маҷмӯъ 14 масъала баррасӣ шуд.
Аз ҷумла дар ин ҷаласа вазъи муҳоҷират дар кишварҳои ИДМ, тағйирот дар қонунгузории миллӣ дар соҳаи муҳоҷират ва амалияи татбиқи ҳуқуқии мақомоти муҳоҷирати кишварҳои иттиҳод, таҷрибаи кори мақомоти салоҳиятдор дар гузаронидани чорабиниҳои муштараки пешгирикунанда, амалиёти махсус барои пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ баррасӣ шуд.
Ҳамчунин аъзои Шӯро равишҳои давлатҳои иттиҳодро дар самти фаъолияти муассисаҳои вижа ба монанди боздоштгоҳҳои муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд баррасӣ намуда, таҳияи лоиҳаи консепсияи фазои ягонаи муҳоҷират дар қаламрави ИДМ-ро баррасӣ карданд.