ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус ба кор оғоз намуд.
Дар кори ҷаласа Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва ҳайати Беларус таҳти роҳбарии Вазири кишоварзӣ ва озуқавории ин кишвар Сергей Бартош, ҳамраиси қисми беларусии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус дар умури ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ иштирок доранд.
Ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, саноат, озуқаворӣ, илму маориф, тандурустӣ, дорусозӣ, ҳифзи комплекси агросаноатӣ ва дигар масъалаҳои ҷолиби таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.
Дар ин ҷаласа Қурбон Ҳакимзода изҳор дошт, ки солҳои охир муомилоти байни ду давлат афзуда, номгӯи молҳои фиристодашаванда васеъ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2022 ҳаҷми муомилоти мол бо Ҷумҳурии Беларус ду баробар афзуда, 89,4 млн доларро ташкил додааст. Дар ин давра ҳаҷми содирот аз Тоҷикистон ба Беларус 7,2 миллион доллар ва воридот аз Беларус ба Тоҷикистон 82,2 млн долларро ташкил додааст. Тоҷикистон асосан ба Беларус пахта, нах, мева ва меваҳои хушк содирот намудааст.
“Ҳамзамон табодули мол байни ду давлат дар 6 моҳи соли раовн дар муқоиса ба соли 2022 62,4 фоиз афзоиш ёфт”, - таъкид кардааст Ҳакимзода.
Ёдовар мешавем, Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус мақоми ҳамоҳангсоз ва машваратӣ буда, ҳадафи он баланд бардоштани самаранокии муносибатҳои тиҷоратӣ байни ташкилоту ассотсиатсияҳои ду кишвар, инчунин муайянкунӣ ва рафъи монеаҳо дар роҳи тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии дуҷониба ба шумор меравад.