ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Террористе, ки бахши консулгарии сафорати Русия дар Афғонистонро тарконд, гунаҳкор дониста шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Федератсияи Русия хабар додааст.
Гуфта мешавад, додгоҳ шаҳрванди Ӯзбекистон Ҳусанҷон Осимиро дар таркиши назди сафорати Русия дар пойтахти Афғонистон гунаҳкор донист.
Ба гуфтаи муфаттишон, Осимӣ аз идеологияи созмони байналмилалии террористии "Давлати исломӣ"* пуштибонӣ карда, ба як воҳидҳои фаъолият дар Афғонистон шомил шуда, дар Кобул дар даромадгоҳи идораи консулгарии Русия бо маводи тарканда худкушӣ кардааст.
"Додгоҳ Осимиро дар содир кардани ҷинояти байналмилалӣ гунакор донист. Парвандаи ҷиноӣ бо сабаби маргаш қатъ карда шуд", - хулоса кард Прокуратураи генералии Федератсияи Русия.
Ёдовар мешавем, ки ҳамлаи террористӣ дар сафорати Русия дар Кобул субҳи 5 сентябри соли 2022 рух дод.
Як ҷангҷӯи номаълум маводи таркандаро дар наздикии даромадгоҳи бахши консулгарӣ мунфаҷир кардааст. Дар натиҷаи ин ҳодиса ду корманди намояндагии дипломатӣ кушта шуданд.
Ӣино ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ ар пайи ин ҳодиса дастикам 8 нафар қурбони инфиҷор шуда ва ҳудуди 15 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Ба гузориши шабакаи “Ал-Арабия”, гурӯҳи “Давлати исломии Хуросон*, ки як шохаи созмони террористии “Давлати исломӣ”* аст, масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтааст.
* "Давлати исломӣ" (ДОИШ, ДОИШ) як созмони террористӣ аст, ки дар Федератсияи Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.