Пардохт бо QR-код дар Тоҷикистон дастрас шуд

Муштариён аллакай метавонанд бо истифода аз QR-код дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркия, инчунин дар Куба ва Таиланд харидашонро пардохт кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Бонкҳои Русия тавассути низоми пардохти фаврӣ дар Тоҷикистон пардохтҳо аз тариқи QR-кодро роҳандозӣ карданд.
Дар ин бора Бонки марказии Русия хабар додааст. Гуфта мешавад, ки дастикам 2 бонки Русия чунин тарҳи пардохтро роҳандозӣ кардаанд ва 5 бонки дигар ин механизмро озмоиш мекунанд.
"Барои пардохт, танҳо QR-ро скан кардан лозим буда, сипас тасдиқи амалиёт зарур меояд", - иттилоъ дод Бонки марказии Русия.
Ҳамин тариқ, муштариён метавонанд аллакай амалиётро дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркия, инчунин дар Куба ва Таиланд анҷом диҳанд.
Бозор ба шароити кунунӣ ба омилҳо мутобиқ мешавад ва зуд роҳҳои қабули муомилоти ғайринақдии шаҳрвандонро пайдо мекунад, хулоса кардааст Бонки марказии Русия.
Қаблан "Бонки Фридом Финанс Қазоқистон" нияташ барои ифтитоҳи филиал дар Тоҷикистонро изҳор дошта буд.
Роҳкиро дар Хуҷанд бо QR-код пардохта мешавад - видео
Ба гуфтаи роҳбари бонки қазоқистонӣ, Айдос Жумагулов, муассисаи тобеяш доираи васеи маҳсулоти бонкии рақамиро пешниҳод мекунад, ки шомили ипотекаи рақамӣ ва дигар анвои қарзҳо мебошад.
Аз ҷумла қарзҳои рақамӣ барои хариди мошинҳо, музди меҳнат, қарзҳои тиҷоратӣ, пасандозҳо, интернет-банкинг дар феҳрасти хадамоти бонки қазоқӣ зикр шудаанд, ки няти татбиқашон дар Тоҷикистонро дорад.