ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Ҳайати Озарбойҷон барои иштирок дар Форуми сармоягузорӣ, ки рӯзҳои 29-30 сентябри соли равон дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, ба шаҳри Душанбе меоянд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии пешбурди содирот ва сармоягузории (AZPROMO) хабар додааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин зимни дидор масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаи тиҷорату иқтисодро баррасӣ карданд.
Илова бар ин, намояндаи агентӣ ва сафир дар бораи баргузории чорабиниҳои муштарак изҳори назар карданд.
Илҳом Абдураҳмон аз имконоти бузурги равобити Тоҷикистону Озарбойҷон, бахусус дурнамои ҳамкориҳо дар бахшҳои нақлиёт, кишоварзӣ ва иртиботот ёдовар шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба имконоти ташкили форуми муштараки соҳибкорон дар Боку соли оянда табодули назар карданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш профессори кафедраи иқтисод ва ҷуғрофиёи иқтисодии Донишкадаи кишварҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов Ренат Карамурзов гуфт, ки даъвати раҳбари Озарбойҷон ба форуми иқтисодӣ, талоши ӯ барои густариши ҳамкориҳо бо ҷумҳурӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Коршинос афзуд, ки бар асоси натоиҷи нишасти Душанбе метавон хулоса кард, ки кишварҳо барои таҳким ва густариши равобити Тоҷикистону Озарбойҷон талош доранд.