ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Соҳибкори амрикоӣ Илон Маск вазъияти марбут ба муҳоҷирони ғайриқонуниро, ки пайваста ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико меоянд, бӯҳрони ҷиддӣ номид.
"Ин як бӯҳрони ҷиддӣ аст" навиштааст ӯ дар сафҳаи худ дар шабакаи иҷтимоии X, дар шарҳи гузорише, ки тибқи он мақомоти Ню-Йорк дар тӯли се соли оянда барои ҷой додани муҳоҷирон дар меҳмонхонаҳо як млрд доллар харҷ хоҳанд кард.
Қаблан шаҳрдори Ню-Йорк Эрик Адамс гуфт, ки ҷараёни бузурги муҳоҷирони ғайриқонунӣ шаҳрро ба харобӣ мебарад.
Дар баробари ин, мақомоти иёлоти ҳаммарзи Мексика бо баҳонаи пур аз муҳоҷир шудани қаламрави худашон, интиқоли гурезаҳоро ба иёлатҳои ИМА идома медиҳанд.
Теъдоди рекордии муҳоҷирон ба сарҳади ҷанубии ИМА дар аҳди маъмурияти Ҷо Байден ворид шуданд.
Теъдоди рекордии муҳоҷирон ба сарҳадҳои ҷанубии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико расидаанд, ки шумораашон дар қиёс бо ду соли гузашта афзоиш ёфта, аз 2,3 млн гузаштаст
Мақомоти ИМА гуфтанд, ки дар соли молиявии 2023 бо беш аз 1,2 млн муҳоҷир рӯбарӯ шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Fox News ва дигар расонаҳои амрикоӣ шумори муҳоҷирони ғайриқонуниро, ки дар замони раҳбарии Байден вориди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шудаанд, беш аз 6 млн нафар арзёбӣ мекунанд.