Фурудгоҳҳои маҳаллии Тоҷикистон ба ихтиёри Вазорати дифоъ супурда шуд

Бар асоси қарори имзокардаи ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати дифоъ масъул шудааст, ки фурудгоҳҳоро таъмир ва дар ҳолати омодагӣ нигоҳ дорад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон фурудгоҳҳои маҳаллӣ аз моликияти шаҳру ноҳияҳо ва ширкатҳои маҳаллӣ ба тавозуни Вазорати дифои ҷумҳурӣ гузаштанд.
Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи интиқол қарори дахлдор қабул кард. Ҳуҷҷати дахлдор дар ин бора дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нашр шудааст.
Тибқи ин қарор, дар маҷмӯъ Вазорати дифои Тоҷикистон 21 фурудгоҳи маҳаллиро ба тавозуни худ қабул мекунад.
Хароҷоти фурудгоҳи Душанбе аз даромадаш бештар шудааст
Сухан дар бораи 6 майдони ҳавоӣ дар вилояти Хатлон, 4 пойгоҳи ҳавоӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 6 дар вилояти Суғд ва 5 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон меравад.
Дар санад гуфта мешавад, ки Вазорати дифои Тоҷикистон бояд фурудгоҳҳоро барқарор ва омодагии доимии онҳоро таъмин намояд.
Қобили зикр аст, ки феълан парвозҳо танҳо аз чаҳор фурудгоҳи байналмилалии ҷумҳурӣ - Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб сурат мегиранд.