Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Шойгу ба Путин аз корнамоии 5 низомӣ гуфт: Яке ба унвони қаҳрамонӣ пешниҳод шудаст

Гуруҳи панҷнафарии низомиёни Русия дар минтақаи амалиёти низомӣ ҳамлаи гуруҳи ба маротиб бештари нерӯҳои украиниро пас гардондааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Вазири мудофиаи Русия, Сергей Шойгу ба президенти кишвар, Владимир Путин дар бораи корнамоии ҷангии низомиёни рус дар маҳаллаи Урожайное муфассал қисса кард.
Дар ин бора котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Песков иттилоъ дод.
"Рӯзе пеш вазири дифоъ Шойгу ба президент дар бораи ҷанги қаҳрамонона дар деҳаи Урожайное, ки бачаҳои мо ҳамроҳи фармондеҳи худ, командири взвод (Иван - идора) Калашников доданд, муфассал гузориш дод", - гуфт Песков.
Вай хоттиррасон намуд, ки фармондеҳи ин гуруҳ Иван Калашников барои гирифтани унвони қаҳрамони Русия пешбарӣ шудаст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров шарти Маскав барои эҳтироми тамомияти арзии Украинаро гуфт
Қаблан Вазорати мудофиаи Русия хабар дода буд, ки панҷ низомии кишвар аз бригадаи 37-ум, ҳамлаи дувоздаҳ сарбози нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро пас гардонда, онҳоро маҷбур кардаанд, ки дар наздикии рустои Урожайное дар самти Южнодонетск фирор кунанд.
Ба иттилои ин ниҳод, аз миёни гуруҳи низомиёни Русия, ноиби фармондеҳи взвод, Калашников оташи асосиро ба самти худ кашида буд ва ду ҷанговари дигар аз канор тирандозӣ менамуданд. Аз миёни гуруҳи панҷнафарӣ ду нафар захмӣ шуданд, аммо касе ақибнишинӣ накард, афзуд манбаъ.
Нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз оғози моҳи июн дар самтҳои Запороже, Южнодонетск ва Артёмовск ба ҳамлаи ҷавобӣ шурӯъ кардаанд, аммо ба иттилои мақомоти Русия дар ҳеч яке аз самтҳо ба муваффақият даст наёфтанд.