ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Даҳҳо ширкати сохтмонии дохилу хориҷи Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ дар Душанбе техникаю таҷрибаашонро пешниҳод карда, барои таҳкими ҳамкорӣ музокирот мекунанд.
Ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, намоишгоҳи байналмилалӣ таҳти унвони "TajBUILD-2023" аз 12 то 14 октябр дар пойтахт баргузор мегардад.
Манбаъ афзуд, ки намояндагони бахши сохтмонии 5 давлати хориҷӣ, аз ҷумла Русия дар ин ҳамоиш иштирок хоҳанд дошт.
"Дар намоиши "TajBUILD-2023" беш аз 80 ширкати сохтмонӣ аз Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Эрон, Туркия ва Тоҷикистон иштирок менамоянд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки ширкатҳои иштирокдор дар намоишгоҳ масолеҳи сохтмонӣ, техникаю таҷҳизот, асбоб ва либосҳои махсуси сохтмонӣ, таҷҳизоти муҳандисиву иртиботӣ ва меъморияшонро пешниҳоди тамошобинон ва шарикони эҳтимолӣ хоҳанд кард.
Ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, намоишгоҳ фурсати муносиб барои барқарор намудани робитаҳои тиҷоратӣ ва табодули таҷриба бо намояндагони ширкатҳои дигар мебошад.
Иштирокдорон метавонанд дар доираи ин намоишгоҳ шарикону ҳамкорони ҷадид пайдо кунанд, афзуд Палатаи савдо ва саноат.