ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар як қатор деҳаҳои ноҳияи Айнӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ шинос гардид.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, Аҳмадзода дар деҳаи Қаздон бо сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 шинос шуд, ки дар арафи анҷомёбӣ қарор дорад.
Зикр шуд, ки мактаби нав барои 320 хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, тибқи харҷнома барои бунёди он 6,4 миллион сомонӣ равона мегардад.
Дар баробари синфхонаи таълимии касбу ҳунар, толори маҷлис, китобхона ва утоқҳои фаннӣ, мактаби ҷадид дорои толори варзишӣ низ хоҳуд шуд, ки хонандагон ба машғулиятҳои варзишӣ ҷалб мегарданд.
Дар баробари ин Аҳмадзода дар деҳаи Дарғ бо сохтмони сехи қолинбофии соҳибкор Саидмурод Давлатов шинос гардидаст.
Майдони Парчами давлатӣ, тӯйхона, ҳаммом, кошонаи ҳусн ва коргоҳи дӯзандагии соҳибкор Шараф Шарипов, таъмиру азнавсозии беморхонаи минтақаваии Дарғ аз ҷумлаи иншооти дигаре будаанд, ки Аҳмадзода боздид кардааст.
Дафтари матбуоти ҳукумати Суғд мегӯяд, дар дуртарин деҳаҳои вилоят низ корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷараён дорад, ки барои беҳбуди сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад.