Пешниҳоди беш аз 70 ҷойи кори холӣ ба корҷӯён дар Хоруғ

Дар ярмаркаи ҷойҳои холӣ ва вазифаҳои озод, ки дар шаҳри Хоруғ баргузор гардидааст, кор дар иншооти бузурги бунёдшаванда дар ВМКБ пешниҳод шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Шаҳрдории Хоруғ ва якҷоя бо бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба корҷӯён беш аз 70 ҷойи холии корӣ дар нуқоти мухталифи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон пешниҳод кардаанд.
Ба иттилои шаҳрдорӣ, ба корҷӯён аз ҷумла 20 ҷойи кори холӣ дар нерӯгоҳи барқи обии Себзор дар ноҳияи Роштқалъа ироа шудааст, ки феълан сохтмони он идома дорад.
Аз иншооти бузурги дигар дар ВМКБ, ки феълан сохтмони он идома дорад, роҳи мошингарди Дарвоз - Ванҷ то сарҳади ноҳияи Рӯшон мебошад, ки дар он низ 20 ҷойи кори холӣ интизори корҷӯён мебошоад.
Дохтмони купруки маҳаллаи Шарифобод дар худи шаҳри Хоруғ низ 20 ҷойи кори холӣ муҳайёст, афзуд шаҳрдорӣ.
Суғд наздики 250 намуди маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мекунад
Манбаъ илова намуд, ки зиёда аз 10 адад ҷойҳои кории холии дигар дар идораву муассисаҳои вилоятию шаҳрӣ пешниҳоди корҷуён шудаанд.
Шаҳрдории Хоруғ гуфт, муроҷиаткунандагон дар асоси роҳхати бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр ба корхонаҳое, ки ҷойҳои кори холӣ пешниҳод намуда буданд, фиристода шуданд.
Таъкид шудааст, ки тибқи нақша баргузории дигар чорабиниҳои марбута дар маркази ВМКБ идома хоҳанд ёфт.
ВМКБ яке аз навоҳии дурдасти Тоҷикистон мебошад, ки аз нигоҳи иқтисодию иҷтимоӣ нисбатан ақибмонда арзёбӣ мешавад. идома доранд.
Мақомот мегӯянд, то 35-солагии истиқлолиТоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ бунёди беш аз 1 ҳазор иншоот ба маблағи зиёда 1 млрд сомонӣ дар назар мебошад.