ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Муовини сиёсии вазорати хориҷаи толибон* Шермуҳамад Аббоси Станакзай дар Панҷшер гуфт, ки Амрико ва Нато дар Афғонистони шикасти низомиро пазируфтаанд, аммо акнун ҷанги сиёсӣ ва иттилоотиро ба роҳ андохтаанд.
“Ман эҳсос хушӣ мекунам, ки имрӯз ба яке аз вилоятҳои пур ифтихори Афғонистон (Панҷшер) сафар кардаам ки дар таърихи ин кишвар ҷойгоҳи вижае дорад ва аввалин садои ҷиҳоду қиём алайҳи Шуравии собиқ бо фатвои умуми уламои Афғонистон аз ҳамин вилоят баланд шуд”, - гуфт оқои Станакзай.
Станакзай изҳор дошт, ки ҷиҳод алайҳи ишғоли Амрико ва НАТО низ дар ҷаҳон беназир аст.
Вай таъкид кард, ки аз тамом мухолифон мехоҳам даст аз хушунат бикашанд ва зери як чатри исломӣ дар ободии Афғонистон саҳм бигиранд.
Гурӯҳи толибон* аз замон ба қудрат расидан дар Афғонистон аз авохири моҳи августи соли 2021 барои ҳамкорӣ ва густариши равобит бо созмонҳои байналмилалӣ, минтақа, кишварҳои минтақа ва ҷаҳон талош мекунад.
Аммо бо сабаби маҳдудиятҳо нисбати занон ва таҳсили духтарон ва такқавмӣ будани ҳукуат то ҳол ҳеҷ кишваре ҳукумати толибонро* ба расмият нашинохтааст.
*- созмонё гурӯҳе, ки барои амалҳои террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад