ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Қуръакашӣ ҳарифони паҳлавонҳои тоҷикистониро дар Гранд Слами Боку маълум кард, ки давоми се рӯзи оянда сабқат хоҳанд кард.
Бар асоси натиҷаи қуръакашӣ, дар даври аввал, рӯзи 22 сентябр Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60 кг бо Йелдос Сметов аз Қазоқистон, Эмомалии Нуралӣ дар вазни то 66 кг дар даври аввал бо Страҳинҷа Бунчич аз Сербия зӯр меозмоянд.
Рӯзи 23 сентябр Маҳмадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 73 кг дар даври аввал бо Жансай Смагулов аз Қазоқистон нерӯяшро месанҷад.
Дар вазни то 81 кило паҳлавони тоҷик, Шодмон Ризоев дар даври дуюм бо Лачлан Мурҳид аз Британияи Кабир куштӣ мегирад.
Рӯзи охири мусобиқа нерӯсанҷии паҳлавонҳои нисбатан гаронвазни тоҷик дар назар мебошад.
Аз ҷумла дар вазни то 90 кило рӯзи 24 сентябр Ҷаҳонгир Маҷидов аз даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Владимир Ахалкатски аз Гурҷистон ва Даниел Нието аз Испания қувва меозмояд.
Эмомризо Анварзода дар вазни то 100 кило дар даври аввал нерӯяшро бо Иссаан Беззина аз Малта месанҷад.
Паҳлавони дигари тоҷик, Шакармамад Мирмамадов дар вазни зиёда аз 100 кило дар даври аввал бо Мариус Физел аз Словакия ва Мансур Раҳмон дар вазни беш аз 100 кг дар даври аввал бо Хориучи Филип аз Амрико куштӣ мгеирад.
Чун анъана дар мусобиқаи Гранд Слами Боку барои ҷои аввал 5 ҳазор евро, барои ҷои дуюм 3 ҳазор евро ва барои ҷои сеюм 1,5 ҳазор евро ҷоизапулӣ муқаррар шудааст.