ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва Белорус тасмим доранд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро ба сатҳи нав бардоранд.
Дар ин бора президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Фарҳод Раҳимӣ, зимни як ҳамоиш дар иттилоъ дод.
"Мо имконият дорем, ки лоиҳаҳои муштаракамонро баррасӣ намуда, самтҳои афзалиятноки корро муайян кунем", - қайд кард ӯ.
Бар асоси санадҳои имзошуда, олимони Тоҷикистон ва Беларус дар заминаи илму фанноварӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард, афзуд раиси Фарҳангистони улуми тоҷик.
Раҳимӣ ёдовар шуд, ки мутахассисони ду кишвар конфронсу симпозиумҳои муштарак баргузор мекунанд. Илова бар ин, кишварҳо барои тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос ва ташкили таҷрибаомӯзии олимони ҷавон якҷоя кор мекунанд
Дар Тоҷикистон ҳамасола мактаб дар заминаи Фарҳангистони миллӣ дарҳои худро ба рӯи донишҷӯёни кишварҳои ИДМ боз мекунад. Дар байни иштироккунандагон аз ҷумла белорусҳо зиёданд, гуфт Раҳимӣ.
Вай қайд кард, ки Душанбе муддати тӯлонӣ бо Минск дар соҳаи илму техника ҳамкорӣ дошта, аз ҷумла комиссияи коршиносон дар бахши биология, кимиё, физика, математика ташкил карда шуд.