Дар бозии деринтизор касе ғолиб нашуд: натиҷаи бозии дастаи “Равшан” ва тими "Марв"

Дастаи футболи "Равшан"-и Кӯлоб дар аввалин бозиашро дар Ҷоми AFC бо бошгоҳи "Марв"-и Туркманистон бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Бозии дастаи “Равшан”-и Кӯлоб даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) 2023/24 бо тими "Марв" (Туркманистон) бо ҳисоби мусовӣ анҷом ёфт.
Ин бозии даври аввали мусобиқот шоми панҷшанбеи 21-уми сентябр бо ҳузури беш аз 6,5 заҳор тамошогар дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардид.
Ҳарчанд бозигарони ҳарду даста талош карданд, вале муваффақ нашуданд, ки ба дарвозаҳои якдигар гол зананд. Ҳамин тариқ бозӣ бидуни гол ба поён расид ва ҳарду даста якимтиёзӣ гирифтанд.
Дар бозии дигари даври аввали гурӯҳи “Е” дастаи “Абдиш-Ота”-и Қирғизистон дар майдони худ бошгоҳи “Олтин Аср”-и Туркманистонро бо ҳисоби бузурги 3:0 шикаст дод.
Дастаи "Истиқлол" дар аввалин бозияш дар Лигаи чемпионҳо на бурду на бохт
Ба ин тартиб, дар ҷадвали гурӯҳ “Абдиш-Ота” бо касби се имтиёз мақоми аввалро соҳиб шудааст.
“Равшан” ва “Марв” бо якимтиёзӣ дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд. “Олтин Аср” бидуни имтиёз дар зинаи охирин мебошад.
Мавриди зикр аст, ки дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи марказӣ "Равшан" дар сафар бо дастаи дигари Туркманистон - "Алтин Асир" рӯзи 5-уми октябр рақобат мекунад.
Дарвоқеъ, бар асоси дастури Ҷоми AFC аз ин гурӯҳ танҳо дастаи ғолиб ба даври баъдӣ роҳ меёбад.