Ба Зеленский иҷозат надоданд дар конгреси ИМА суханронӣ кунад

Ба раисҷумҳури Украина бино бар машғулияти зиёди қонунгузорон имкон надоданд, ки назди конгреси ИМА суханронӣ кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Раиси Палатаи намояндагони конгресси ИМА Кевин Маккарти ба Владимир Зеленский имкон надод дар назди конгрес суханронӣ кунад, иттилоъ медиҳад хабаргузории “NBC News”.
"Маккарти гуфт, ки бо дарназардошти ҷадвали корӣ, қонунгузорон вақти кофӣ баро гуш кардани суханронӣ надоранд", - гуфта мешавад дар гузориш.
Дар баробари ин раиси палатаи намояндагони конгресси ИМА ёдовар шуд, ки Зеленский алакай назди конгрес суханронӣ карда буд. Вай бори охир моҳи декабри соли 2022, замоне ки узви ҳизби демократ Нэнси Пелоси раиси палата буд, суханронӣ карда буд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Патрушев дар бораи ҳамлаи чавобии Украина: артиши худро ба марг тела медиҳанд
Рӯзи дигар, дар бораи мулоқоти дарпешистодаи Зеленский бо қонунгузорони ҳарду ҳизб сухан ронда, Маккарти ваъда дод, ки аз президенти Украина гузориш дар бораи кӯмакҳои аллакай гирифташуда ва нақшаҳои ояндаи Киевро талаб хоҳад кард.
Кохи Сафед аз Конгресс барои эҳтиёҷоти Украина, ки аз моҳи феврали соли 2022 аллакай беш аз 110 млрд доллар кумаки гуногун гирифтааст, аз конгресс боз хостааст, ки 24 млрд доллари иловагӣ бигирад. Ҷумҳурихоҳон тақозо карданд, ки раисиҷумҳур Ҷо Байден ин дархостро, ки 12 конгрессмен имзо кардаанд, бозхонад.