ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Сарвари Академияи илмҳои Тоҷикистон раиси Шӯрои кайҳонии ИДМ шуд.
Дар ин бора хабарнигори Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Гуфта мешавад, ки Фарҳод Раҳимӣ барои соли 2024 раҳбари ин созмон шудааст.
"Аъзоёни Шӯрои байнидавлатии кишварҳои ИДМ барои таъини Фарҳод Раҳимӣ якдилона овоз доданд", - хабар медиҳад манбаъ.
Ҳамин тариқ, рӯзҳои 21-22 сентябр дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои кайҳонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷараён дорад.
Шӯрои байнидавлатӣ оид ба кайҳон бо Созишномаи кишварҳои узви ИДМ дар бораи фаъолияти муштарак дар иктишоф ва истифодаи фазои кайҳон аз 30 декабри соли 1991 таъсис ёфтааст.
Он ниҳоди мутобиқкунандаи ташаккул ва татбиқи барномаҳои байнидавлатии тадқиқ ва истифодаи фазои кайҳон мебошад.