Алиев аз Путин барои марги нерӯҳои посдори сулҳи Русия узр хост

Фармондеҳи корпуси нерӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон, ки зердастонаш дар марги нерӯҳои посдори сулҳи Русия гунаҳкор аст, алакай барканор шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Масъулини марги нерӯҳои посдори сулҳи Русия дар Қарабоғ муҷозот хоҳанд шуд.
Дар ин бора Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон дар сӯҳбат бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия изҳор дошт.
Вай таъкид кард, ки таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин ҳодиса анҷом хоҳад шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кремл.
Гуфта мешавад, ки сарони давлатҳо суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
"Дар ин замина додситонии кулли ду кишвар робитаи зич доранд", - омадааст дар изҳороти ҷониби Русия.
Фармондеҳи корпуси нерӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон, ки зердастонаш дар марги нерӯҳои посдори сулҳи Русия гунаҳкор аст, алакай аз вазифааш барканор шудааст.
Озарбойҷон оташбасро дар Қарабоғи Кӯҳӣ эълон кард
Дар ҳамин ҳол, руасои ҷумҳури ду кишвар тавофуқ карданд, ки раванди музокироти сеҷониба бо ширкати Арманистон, ба хусус дар мавриди омода кардани тавофуқномаи сулҳ миёни Боку ва Ереван фаъол шавад.
Сухан ҳамзамон дар бораи кушодани робитаҳои нақлиётӣ ва аломатгузории марзи Озарбойҷону Арманистон рафтааст, ки бояд анҷом шавад.
Путин ва Алиев аҳамияти иҷрои пайгиронаи созишҳои ҳосилшуда дар бораи қатъи пурраи ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳиро қайд карданд.
Вазорати дифои Русия рӯзи чаҳоршанбе хабар дод, ки як мошин бо нерӯҳои посдори сулҳи Русия дар наздикии рустои Ҷанятоғи Қарабоғи Кӯҳӣ аз силоҳи оташфишон оташ гирифт ва низомиёни дохили он ҳалок шуданд.