Шаби ноором дар Арманистон

Вазорати тандурустии Арманистон ахиран хабар додааст, ки дар эътирозҳои ахир дар шаҳри Ереван даҳҳо нафар осеб дидаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар задухӯрдҳои шоми гузашта дар назди бинои ҳукумати Арманистон 16 афсари пулис ва 18 тазоҳургар маҷрӯҳ шуданд, иттилоъ додааст вазорати тандурустии Арманистон.
Ҳамин тавр бар асари задухӯрди тазоҳургарон ва пулис дар назди бинои ҳукумати Арманистон дар маркази Ереван беш аз 30 нафар маҷрӯҳ шуданд.
"Тибқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи задухӯрд 34 нафар маҷрӯҳ шудаанд, ки 16 нафари онҳо афсарони полис ва 18 нафарашон ғайринизомиён будаанд", - изҳор дошт Вазорати тандурустии Арманистон.
Гуфта мешавад, ки ба 17 нафар кумакҳои зарурӣ расонида шуда, аз бемористон мураххас шудаанд.
Изҳороти Вазорати дифои Арманистон баъд аз оғози амалиёти зиддитеррористии Озарбойҷон
"16 нафар то ҳол дар бемористон бистарӣ ҳастанд, як нафар ҷарроҳӣ шудааст", - гуфтанд манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, раҳбари ҳизби “Модар Арманистон” дар бораи оғози эътирозҳо бар зидди Никол Пашинян раисҷумҳури феълии ин кишвар эълон кард.
Дар пасманзари шиддат ёфтани авзоъ дар Қарабоғ тазоҳуркунандагон дар назди бинои ҳукумати Арманистон ҷамъ омаданд. Онҳо кӯшиш карданд, ки ба бинои ҳукумат ҳамла кунанд. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои пароканда кардани тазоҳургарон аз норинҷакҳои савтӣ истифода карданд. Бархе ҳизбҳои сиёсии Арманистон истеъфои Пашинянро талаб карданд.