ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Рӯзи 25 сентябр Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси ин шаҳр.
Ба иттилои манбаъ, чорабинии асосӣ дар майдони театри ба номи Камоли Хуҷандӣ сурат мегирад.
Манбаъ афзуда, ки барои таҷлил ин рӯз, бо ибтикори ҳокимияти шаҳр ҳунармандон аз Русия, Ӯзбекистон ва маъруфтарин ҳунармандони ҷумҳурӣ даъват шудаанд.
Миёни ҳунармандони меҳмон, Бунёдбек Саидов, ҳунарманди номии Ӯзбекистон ва Согдиана номбар шудаанд.
Ҳамчунин, Нигина Амонқулова, Ҷонибек Муродов, Мубориз Усмонов ва Нобовар Чиноров низ ба табрики сокинони Хуҷанди бостон хоҳанд омад.
Ҳамчунин, интизор меравад дар ин чорабинӣ меҳмонон аз тамоми манотиқи кишвар низ иштирок намоянд.
Чанде пеш дар маркази шаҳри Хуҷанд бо гузашти бошукӯҳи низомӣ 32- юмин солгарди истиқлоли давлатӣ таҷлил карда шуд.