ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Бахтиёр Эргашев мудири Маркази ташаббусҳои тадқиқотии Ma'no мегӯяд, Амрико бо кумаки кишварҳои Осиёи Марказӣ бо истифода аз формати мулоқотҳои C5+1 нуфузи худро дар Афғонистон барқарор карданист.
"Дар бораи ин вохӯрӣ маълумоти бештар мавҷуд нест. Дар бораи энергетикаи сабз, тиҷорат, иқлим суханҳои умумӣ вуҷуд доранд. Ба назари ман, Афғонистон, амнияти минтақавӣ - шояд инҳо масъалаҳои асосии ин нишаст буданд", - тавзеҳ дод Эргашев ба “РИА Новости”.
Ба гуфтаи ӯ, тайи якуним соли ахир Кохи сафед музокирот бо толибонро дар шаклҳои гуногун фаъол кардааст
Сиёсатшинос муътақид аст, ки эҳёи нуфузи Амрико дар Афғонистон беҳтарин сенария барои як нерӯи муҳими геополитикии дигари минтақа - Чин нест ва "ин маънои онро дорад, ки мо бояд ташдиди авзоъ дар Афғонистонро интизор шавем".
Ёдовар мешавем, моҳи сентябри соли 2015 ИМА ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон барои баррасии масъалаҳои минтақавӣ дар сатҳи раҳбарони ниҳодҳои корҳои хориҷӣ формати ҳамкорӣ (С5+1) таъсис доданд.
Нахустин нишасти сарони кишварҳо дар ин шакл 19 сентябр дар Ню-Йорк баргузор шуд.