Аз масоили Афғонистон то иқтисоди "сабз": Раҳмон ба Байден мавқеи Тоҷикистонро баён кард

Президенти Тоҷикистон дар Вохӯрии сарони давлатҳои қолаби "Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико" иштирок ва суханронӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии сарони давлатҳои қолаби "Осиёи Марказӣ ва Амрико", ки дар шаҳри Ню-Йорки ИМА баргузор шуд ба чандин масоили муҳими имрӯза таваҷҷуҳ кард, иттилоъ додааст Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Ба иттилои ин манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар ин ҷаласа изҳори боварӣ кард, ки натиҷаҳои мулоқот ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар қолаби "Осиёи Марказӣ ва Амрико" мусоидат хоҳад намуд.
Инчунин раҳбари кившар қайд кард, ки Тоҷикистон кӯшишҳои давлатҳоро барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, нақлиёту коммуникатсия, обу энергетика ва дигар масъалаҳои мубрами рушди устувор комилан дастгирӣ менамоянд.
“Дар заминаи вазифаи таъхирнопазири пешбурди "иқтисоди сабз" Тоҷикистон ба рушди энергетикаи сабз аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад”, - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамчунин кишвардори Тоҷикистон зимни суханрониаш дар бораи истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикии кишвар, истеҳсоли "неруи сабз", ташаббусҳои ҷаҳонии ҷумҳурӣ дар самти ҳалли масоили глобалӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим ва таъсири он, обшавии пиряхҳо ва дигар мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки ба рушду пешрафти давлатҳо монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад, суханронӣ кард.
Мулоқоти Раҳмон бо Ҷабборов дар Ню-Йорк: Ду роҳбар чиро баррасӣ карданд?
Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот таваҷҷуҳи сарони давлатҳоро ба масъалаи афзоиши таҳдиду хатарҳо, мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, таъмини амнияти минтақавӣ, вазъи сиёсии Афғонистон ва ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон ҷалб кард ва , дар ин раванд ҳамкорӣ ва мусоидати шарикони байналмилалиро зарур шумурд.
Қайд карда шуд, ки Тоҷикистон иқтидори логистикии худ, аз ҷумла 6 пул дар марз бо Афғонистонро барои расонидани кумаки башардӯстона ба аҳолии давлати ҳамсоя пешкаш намуда, неруи барқ ва тавассути бозорҳои наздисарҳадӣ, ки фаъолиятиашон аз нав ба роҳ монда шуд, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи ғизоӣ содирот менамояд.
Президенти Тоҷикистон дар ин дидор илова кардааст, ки субот дар Афғонистон омили муҳими рушди робитаҳои байниминтақавӣ мебошад, аз ин рӯ, мо манфиатдор ҳастем, ки сулҳу субот дар ин давлат ҳарчи зудтар барқарор шавад.
Раҳмон ва Раисӣ содда гардонидани рафтуомади мардумони ду кишварро зарур донистанд
Президент бори дигар аз мавқеи устувору тағйирнопазири Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонию минтақавӣ ва рушду тавсеаи ҳамкорӣ ёдовар шуд.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки мо қабули Эъломияи ин ҳамоишро ҷонибдорӣ менамоем.
Бояд гуфт, ки аз руи натиҷаи кори Вохӯрии сарони давлатҳои қолаби "Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико" Эъломияи сарони давлатҳо қабул гардид, ки дар он масъалаҳои мубрами ҷаҳонию минтақавӣ ва самтҳои асосии ҳамкорӣ байни давлатҳои ин ҳамоиш дарҷ шудаанд.