ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Дастаи "Ал-Дуҳайл" ният дорад аз рӯи бартариятҳои техникию тактикӣ бар дастаи "Истиқлол"-и Душанбе пирӯз шуд.
Ин нуктаро сармурабии дастаи "Ал-Дуҳайл"-и Қатар, Эрнан Креспо дар арафаи бозӣ бо "Истиқлол", ки шоми 19-уми сентябр дар варзишгоҳи марказии Душанбе дар назар аст, баён дошт.
Дар ҳоле, ки арзиши трансферии тими қатарӣ аз дастаи душанбегӣ 10 баробар гаронтар аст, сармураббии "Ал-Дуҳайл" мегӯяд, ҷанбаҳои молиявӣ метавонанд ҳеч таъсире ба рафти бозӣ надошта бошанд.
"Ин футбол аст, 11 нафар муқобили 11 нафар бозӣ хоҳанд кард ва ҷузъиётҳои моливӣ ба бозӣ таъсир нахоҳанд кард. Мо кӯшиш мекунем, ки аз ҷиҳати тактикӣ ва техникӣ беҳтар бошем", - гуфт ӯ.
Креспо афзуд, ин далел, ки "Истиқлол" дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо қарор дорад, аз дастаи қавӣ будани он шаҳодат медиҳад.
"Ҳар бозингари "Истиқлол" қобили эҷоди хатар мебошад ва фикр мекунам, ки ин даста аз ҷиҳати ҷисмонӣ қавӣ мебошад", - афзуд ӯ.
Ин нухустин бозии тими тоҷикистонӣ дар марҳилаи гуруҳии лигаи чемпионҳои Осиё мебошад.
Тибқи натиҷаи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023-24 қаҳрамони Тоҷикистон "Истиқлол" дар гурӯҳи "Е" бо "Персеплолис" (Эрон), "Ал-Дуҳайл" (Қатар) ва "Ан-Наср" (Арабистони Саудӣ) зӯр меозмояд.