ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Киев ният надорад, ки як қисми қаламравҳои Украинаро ба Русия диҳад, то ба ин васила ба низоъ хотима бахшад.
Дар ин бора президенти Украина Владимир Зеленский дар сӯҳбат бо хабарнигори CBS News изҳорот дод.
"Не",- гуфт ӯ дар посух ба саволи дахлдори рӯзноманигор дар ин маврид.
Аммо, вақте сухан дар бораи мавқеъ дар робита ба Қрим рафт, раиси ҷумҳури Украина аз посухи мустақим худдорӣ кард.
Аз ин пеш котиби давлатии ИМА бо ташаббусе баромад кард гуфт, ки агар Украина барои муколама омода бошад, Иёлоти Муттаҳида аз он пуштибонь мекунад.
Аммо дар айни ҳол, вай таъкид кард, ки Киев аз даъвоҳои худ ба қаламравҳои аздастдодааш даст намекашад.
Дмитрий Песков, котиби матбуотии Владимир Путин, изҳороти ин мақоми амрикоиро дурӯғ номид.
Русия ба омодагии худ ба музокира таъкид мекунад, аммо мақомоти Киев дар сатҳи қонунгузорӣ ба ин музокирот мамнуъият ҷорӣ кардаанд.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин қаблан ба омодагии Русия ба музокироте, ки метавонад ба ҳалли бӯҳрони Украина кумак кунад, таъкид карда буд.
Дар ҳамин ҳол, вай ишора кард, ки расидан ба ҳадафҳои амалиёти вижа дар Украина авлавияти мутлақ барои Маскав боқӣ мемонад.