ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Дар шаҳри Бохтар иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум баргузор мегардад, иттилоъ дод дафтари матбуоти ҳукумати вилоят.
Ба иттилои манбаъ, ҷаласа рӯзи 28 сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таъйин шудааст.
Дар феҳрасти масоили баррасишаванда 3 масъалаи калидӣ, аз ҷумла мубориза бо коррупсия ва заминфурӯшӣ зикр гардидаанд.
Аз ҷумла сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон оид ба рафти иҷрои қарори раиси вилояту фармони президент дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар барои давраи соли 2030 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳисобот медиҳад.
Вакилони халҷӣ ҳамчунин ҳисобот дар мавриди рафти иҷрои барномаи рушди саноати хӯрокворӣ барои солҳои 2020-2025-ро мешунаванд.
Аз масоили сеюми калидии ҷаласа мубориза бо муомилоти ғайриқонунӣ бо замин мебошад, ки яке аз масоили доғ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ба шумор меравад.
Ба вакилон раисони Кумитаи идораи замини вилоят ва минтақа оид ба пешгирии ҳолатҳои қонунвайронкунӣ дар соҳаи заминсозӣ ва тадбирҳо дар самти ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партоб ва таъмини иҷрои Кодекси замини ҷумҳурӣ гузориш медиҳанд.