Сарвазири собиқи Украина вазъи ин кишварро бо Афғонистон ва Гаити муқоиса кард

Сарвазири собиқи Украина мегӯяд, иқтисоди ин кишвар танҳо ба шарофати кӯмаки молии хориҷӣ аломатҳои зиндагӣ нишон медиҳаду шабеҳи Афғонистуну Ҳаитӣ шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Иқтисодиёти Украина ба як зиндаи мурда шабоҳат дорад ва танҳо аз ҳисоби кӯмаки молии Ғарб нишонаҳои ҳаётро нишон медиҳад.
Дар ин бора сарвазири собиқи Украина Микола Азаров изҳор дошт.
"Рушди тавлиди нохолиси дохилӣ ҳадди ақалл аст, беқурбшавии гривна таҳти фишори ХБА дар сатҳи боло мушоҳида мешавад, қарзи миллӣ меафзояд, буҷет сарфи назар аз кумакҳои молии Ғарб дар каср боқӣ мемонад",- гуфт ӯ.
Ба андешаи ӯ, иқтисоди Украина "бештар ба мурдаи зинда шабоҳат дорад - он танҳо аз ҳисоби кӯмаки молии хориҷӣ аломатҳои ҳаётро нишон медиҳад", ки ҳарҷи бештарро талаб мекунад.
Сарвазири пешин иддао дорад, ки наздиктарин намунаҳои Украина бо мушкилоти мушобеҳ Афғонистони муосир ва Ҳаитӣ мебошанд.
"Аммо барои расидан ба сатҳи кунунии иқтисодии Руминия ва Лаҳистон, ба Украина, тибқи пешгӯиҳои боварибахш, беш аз 30 сол лозим аст", - хулоса кард Азаров.
Зеленский ба хотири сулҳ додани қаламравҳоро ба Русия рад кард
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд".