ДУШАНБЕ, 18 сент - Sputnik. Президенти "Истиқлол", Шоҳрух Саидзода нигаронӣ кард, ки тим дар қуръакашӣ дар гурӯҳи пурқувваттарин ҷойгир шуд, аммо аз сӯи дигар инро шодиовар хонд.
"Дидани Роналду ва дигар ситораҳои ҷаҳон дар майдон дар Душанбе эҳсосоти фараҳбахшу хубе аст, аз ин рӯ, сарфи назар аа душвории бозӣ, "Истиқлол" кӯшиш мекунад, ки худро шоиста нишон диҳад", - гуфт ӯ.
Вай Криштиану Роналдуро шоҳи футбол хонда, афзуд, ки омадани ӯро мухлисон аз тамоми ҷаҳон орзу доранд ва барои мухлисони футбол дар Тоҷикистон ин ба воқеият табдил меёбад.
Ба гуфтаи Саидзода, ин мавсим на танҳо барои даста, балки барои тамоми футболи тоҷик муҳим хоҳад буд, чун бошгоҳҳои пурқуваттарини Осиё ба Тоҷикистон меоянд.
"Ман футболро бе Роналду тасаввур карда наметавонам. Ман муддати тӯлониест, ки мухлиси ин футболбози воқеан бузург ҳастам. Криштиану ҳамсинни ман аст. Насли ман дар ҳамон фазои футболие ба воя расидааст, ки Роналду бозияшро шуруъ намуд ва имрӯз ӯро ҳаводорӣ менамояд", - гуфт ӯ.
Тибқи натиҷаи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023-24 қаҳрамони Тоҷикистон "Истиқлол" дар гурӯҳи "Е" бо "Персеплолис" (Эрон), "Ал-Дуҳайл" (Қатар) ва "Ан-Наср" (Арабистони Саудӣ) зӯр меозмояд.