ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. СММ имкон надорад, ки ба ҳалли мушкилот бо иҷрои қисми Русия "созишномаи ғалла" таъсир расонад.
Дар ин бора намояндаи доимии Федератсияи Русия дар ин созмон Василий Небензя изҳор дошт.
"Мутаассифона, мо бояд иқрор шавем - ва Созмони Милали Муттаҳид инро на як бор ба таври оммавӣ эътироф кард - Дабири кул ва тими ӯ барои ҳалли мушкилоти системавӣ "фишангҳо" надоранд, гарчанде ки онҳо воқеан кӯшиш мекунанд",- гуфт ӯ.
Дар ҳоле, ки ҷониби Русия ба гуфтаи ӯ, "дар канор наменишинад".
"Русия ба мамлакатҳои рушдкунандаи Африқо, Осиё ва Шарқи Наздик ёрии воқеӣ мерасонад", — таъкид кард Небензя.
Ба гуфтаи ӯ, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар суханрониҳои худ ин талошҳо ва ҳамчунин шароити бозгашти Русия ба ибтикори Баҳри Сиёҳро ба таври муфассал инъикос мекунад.
"Ин "шантаж" нест, чуноне онро дар Ғарб кӯшиш мекунанд, чунин муаррифӣ кунанд, балки талаби иҷрои ваъдаи як сол пеш ба мо додаашон аст",- хулоса кард намояндаи доимии Федератсияи Русия.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 24 август дар ВКХ Русия Сергей Лавров, вазири умури хориҷии ФР, дар мулоқот бо дабири кулли СММ Антонио Гутерриш гуфта буд, ки агар кишварҳои дигар талабҳои Маскавро иҷро кунанд, Русия метавонад созишномаи ғалларо аз сар бигирад.
Созишномаи ғалла рӯзи 18 июл ба поён расид, Федератсияи Русия Туркия, Украина ва СММ-ро дар бораи хурӯҷаш аз он огоҳ кард.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин қаблан гуфта буд, бо вуҷуди талошҳои СММ, шартҳои созиш бо Маскав иҷро намешаванд, зеро кишварҳои ғарбӣ масъулияти худро нодида мегиранд.
Раҳбари Русия алакай Ғарбро дар он муттаҳам кард, ки ғаллаи Украина ба кишварҳои дигар, ба ҷуз кишварҳои мувофиқашуда интиқол дода шудааст.
Дар шартнома пешбинй карда шуда буд, ки озуқаворӣ бояд ба мамлакатҳои камбағалтарин, аз ҷумла ба мамлакатҳои Африқо фиристода шавад, вале ба ҷои он ба мамлакатхои Ғарб бурда мешуд.