Китоби Айнӣ дар Ӯзбекистон бознашр шуд

Маркази миллию фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон ба ифтихори 145-умин солгарди сардафтари адабиёти навини тоҷик яке аз китобҳояшро нашр кардаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 сент - Sputnik. Асари "Марги судхӯр" дар Ӯзбекистон ба ифтихори гиромидошти 145-умин солгарди сардафтари адабиёти навини тоҷик ва қаҳрамони Тоҷикистон – Садриддин Айнӣ дигарбора чоп шуд.
Дар ин бора нашрияи "Овози Самарқанд" иттилоъ дода, афзудаст, ки Айнӣ бо воситаи қиссаи мазкур ҳаёти воқеии як давраи хеле мураккаби халқи тоҷикро инъикос намудааст.
Зикр гардидаст, муаллиф дар асар ҳодисаю воқеоти ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии охири асри XIX ва аввали асри ХХ-ро тасвир инъикос намудаст.
"Тамоми фисқу фуҷур, фиребу найранг, шӯру шари судхӯрон ва дар баробари ин ҳаёти вазнини тоқатфарсои мардуми одии Аморати Бухоро ва деҳоти онро пеши чашми хонанда воқеӣ намудор гардондааст", - омадааст дар матлаб.
“Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба мардуми арабзабон дастрас шуд
Китоби "Марги судхӯр", ки ҳанӯз соли 1937 чоп шуда буд, яке аз асарҳои серхонандаи адабиёти навини тоҷик ба шумор меравад.
Сарвазири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, Абдуҷаббор Раҳмонзода дар сарсухани китоб навиштааст, ки Айнӣ дар рушди адабиёт ва фарҳанги тоҷик саҳми беназир гузошта, намунаҳои беҳтарини асарҳои назмиву насриро таълиф кардааст.
"Махсусан, қиссаи "Марги судхӯр" аз ҷиҳати интихоби мавзӯъ ва тасвири саҷияву характер, бозтоби дунёи мураккаби инсон намунаи беҳтарини насри бадеӣ ба шумор меравад", - гуфтаст сафир.
Аз қавли донишманд ва шарқшиноси чех, Иржи Бечка оварда шудаст, ки Айнӣ дар "Марги судхӯр" дар тасвири олами рӯҳии судхӯрон ба комёбиҳои калон ноил гардида, ҳар як далели овардаи адиб асоси воқеӣ дорад.