ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Тими футболи "Ал-дуҳайл"-и Қатар барои рақобат бо дастаи "Истиқлол"-и Тоҷикистон вориди Душанбе шуд.
Дар ин бора дафтари мабуоти бошгоҳи пойтахт хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, меҳмононро дар фурудгоҳ мизбони ин вохӯрӣ – намояндагони "Истиқлол", ФФТ, сафорати Қатар дар Тоҷикистон ва хабарнигрон пешвоз гирифтанд.
Гуфта мешавад, ки сармураббии дастаи "Ал-дуҳайл" Эрнан Креспо ба ин вохӯрӣ 22 бозингарро бо худ овардааст.
Бозии дастаи қатарӣ ва бошгоҳи Душанбе дар доираи марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 сурат мегирад.
Манбаъ афзуд, ки бозӣ бо "Ал-Дуҳайл" дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 21:00 сурат мегирад.
Маврид ба зикр аст, ки дар натиҷаҳои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё, ки дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия барои мавсими 2023-2024 доир шуд, тими футболи “Истиқлол” дар гурӯҳи "Е" бозӣ мекунад.
Футболбозони бошгоҳи душанбегӣ бо намояндагони Эрон (тими "Персполис"), "Ал-Дуҳайл"-и Қатар ва дастаи "Ан-Наср"-и Арабистони Саудӣ қувваозмоӣ менамоянд.
Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ ғолибони панҷ гурӯҳ аз ҳар як минтақа, инчунин се даста, ки дар гурӯҳҳои худ бо натиҷаи беҳтарин ҷойи дуюмро мегиранд, ба даври 1/8 ниҳоии мусобиқа роҳ меёбанд.