Ёдгориҳои Зарафшон - Қароқум ба феҳрасти ЮНЕСКО ворид шуданд

Ёдгории фарҳангии умумиҷаҳонии фаромилии роҳи Абрешим бо пешниҳоди Тоҷикистон ба рӯйхати Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО пазируфта шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 сент - Sputnik. Кумитаи байниҳукуматии ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО 9 ёдгории фарҳангии пешниҳоднамудаи Тоҷикистонро ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонӣ қабул кард.
Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, қарор дар ин бора зимни ҷаласаи 45-уми кумита, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ ҷараён дорад, тасвиб гардид.
Тавзеҳ дода шуд, ки ёдгориҳои фарҳангии умумиҷаҳонии фаромилии "Зарафшон-Қароқум" дар маҷмуъ 9 ёдгориро шомиланд.
Дар ин феҳраст аз ҷумла ёдгориҳои Панҷакенти қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, қалъаи Ҳисорак, Гардани Ҳисор, Қалъаи Муғ, Қалъаи Қум, Тали Хамтуда, низоми обёрикунии Тоқсанкорез, Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро номбар шуданд.
Бойгонии дафтари амири Бухоро ба феҳристи “Хотираи ҷаҳон” шомил шуд
Қаблан Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар дода буд, ки 17 объекти мероси моддии Тоҷикистон ба феҳристи муқаддамотии ЮНЕСКО шомил шудаанд.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон, Зулфия Давлатзода зимни ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи ниҳоди тобеяш таъкид намуда буд, ки ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти ин ниҳод буда, корҳо барои шомилсолӣ барои мероси фарҳанги умумибашарӣ ҷараён доранд.
Вай гуфт, то охири соли 2023 корҳои номинатсионии долони "Фарғона-Сирдарё" пурра ба анҷом расонида шуда, барои шомил намудани ёдгориҳои долони мазкур ба Рӯйхати пешакии мероси фарҳанги умумибашарӣ ирсол мегардад
Ҳамзамон, корҳо оид ба пешбурди номинатсияи "Ҳулбук-Хуттали қадим" аз ҷониби мутахассисони вазорат бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст, илова намуд ӯ.