ДУШАНБЕ, 17 сент - Sputnik. Беш аз 500 нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу ҳунар, молия, адибону собиқадорон ба кумаки пахтачинҳо рафтаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукмати Суғд, мансабдорон таҳти роҳбарии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба пахтачинӣ рафтанд.
Манбаъ афзуд, ки раиси вилоят зимни иштирок дар ҳашари пахтачинӣ ба масъулин дастур дод, ки рӯзҳои офтобиро пурсамар истифода бурда, ҳосили бо арақи ҷабин руёнидаи пахтакоронро беталаф ҷамъоварӣ намоянд.
"Кормандони соҳаҳои гуногун ба кӯмаки кишоварзон омадаанд то дар рӯзи истироҳатӣ саҳми худро дар ғунучини пахта гузоранд", - гуфт Аҳмадзода.
Манбаъ афзуд, ки дар хоҷагии номи Абдураҳим Ҷумъаев соли равон наздики 1,6 ҳазор гектар пахта кишт шуда, заркорон ният доранд, ки наздики 5 ҳазор тонна пахта истеҳсол намоянд.
Қаблан бо қарори раиси вилояти "Суғд" ситоди махсуси ҷамъоварии ҳосил ташкил карда шуд, ки барои ҳавасманд кардани хоҷагидорон натиҷаҳоро ҳар 20-рӯза ҷамъбаст мекунаду ба пешсафон мукофотҳо тақдим мегарданд.