“Ҳамкории рақамӣ”: Тоҷикистон ба ҳамсояҳо чӣ пешниҳод кард?

Намояндаи ҳукумати Тоҷикистон самтҳои асосии ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунониро ба ҳамсояҳо дар Осиёи Марказӣ пешниҳод кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 сен - Sputnik. Кишварҳои минтақа – Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар сатҳҳои гуногуни тавсеи иқтисоди рақамӣ қарор доранд ва аз як зарурат ба муштараксозии талошҳо суҳбат мешавад.
Фаррух Солиев, сардори Департаменти тавсеа рақамии вазорати рушди иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон дар як нишасти иқтисодӣ дар Душанбе гуфт, азбаски кишварҳои Осиёи Марказӣ дар як минтақа зиндагӣ мекунанд, ҳамкориҳои минтақаӣ барои онҳо бисёр муҳим аст ва масоиле вуҷуд дорад, ки дар сатҳи минтақаӣ бояд мавриди баҳс қарор гирад ва дар оянда рӯи онҳо кор шавад.
“Аввал аз ҳама, яксонсозии қавонин дар ҳавзаи иқтисоди рақамӣ зарур аст, зеро ҳар кишвар дар замонҳои мухталиф ба кор шурӯъ шуда ва дар ҳоли ҳозир дар сутуҳи мухталифи рақамикунонӣ қарор доранд. Бар ин асос ҳар кишваре масири худро тай ва қавонини худро тасвиб кард, аммо ба назари ман, бо истифода аз платформаҳо ё абзорҳои ҷаҳонии байнулмилалӣ, ба унвони мисол, тавсияҳои Созмони Милал дар заминаи таҳаввули рақамӣ, метавонем ба яксонсозии қавонини худ бирасем”, - гуфт Фаррух Солиев.
Вай бар шарҳи гуфтаҳои худ афзуд, аз як тараф муҳим аст, ки кишварҳо дар як ҷиҳат ҳаракат ва тақрибан суръатро ҳамгом кунанд, аз тарафи дигар, бизнесе, ки ба кишварҳо меояд ё қаблан бахшҳои худро дар онҳо дорад, ба унвони мисол, тиҷорати тоҷикӣ дар Қазоқистону Ӯзбекистон ё тиҷорати қазоқиву ӯзбекӣ дар Тоҷикистону Туркманистон, тавонанд бар асоси қавонини мушобеҳ фаъолият кунанд.
Садҳо мавқеияти зиндагӣ: Қазоқистон ба Осиёи Марказӣ чӣ мехоҳад диҳад?
Пешниҳоди дуввуми Фаррух Солиев, ки худ онро умедворкунандатарин донист, эҷоди Сандуқи Осиёи Марказӣ барои тавсеаи зерсохтҳои рақамӣ аст.
“Аз он ҷое, ки ҳамаи мо ба интернет муттасил ҳастем ва ин ба мо кӯмак мекунад, то ба ҷилав биравем. Агар ба фикри эҷоди беҳтарин шароит барои истифода аз интернети пурсуръат ва марокизи додаҳо бошем, дар идома ба эҷод ва ироаи хадамоти абрӣ даст меёбем. Ин ҳама ба тавсеаи муштараки мо кӯмак хоҳад кард”, - гуфт сардори Департаменти тавсеа рақамии вазорати рушди иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон.
Фаррух Солиев ба мавзӯъи дигар - тиҷорати электронӣ пардохта, гуфт, илми иқтисоди рақамӣ бисёр ҷавон аст, аммо бисёре аз донишмандону коршиносон бар инанд, ки иқтисоди рақамӣ бо тиҷорати электронӣ оғоз мешавад.
“Дар ин ҷо метавонем як платформаи воҳид эҷод кунем, ки битавонем колоҳову хадамоти худро бар рӯи он ироа намоем ва дар оянда бо пойдории амалкарди ин платформа вориди манотиқи дигар шавем. Масалан, қариб дар ҳама кишварҳо намояндагони “Алибобо” вуҷуд доранд, ки ғурфаҳои худро дар сайти “Алӣ экспресс” эҷод карда, маҳсулоти худро арза мекунанд. Мо метавонем аз ин манотиқ истифода кунем”, - гуфт вай.
Пешниҳоди Раҳмон барои таъсиси ниҳоди махсуси ҳалли масоили энержӣ
Фаррух Солиев афзуд, дар ин росто Маркази тиҷорати байналмилалӣ (ITS) бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи портали тиҷорие, ки дар Тоҷикистон ифтитоҳ шудааст, як веб-сайтеро эҷод кардааст, ки он метавонад тавсеа ёбад ва дар оянда ба тақвияти ҳамкорӣ ва тарвиҷи маҳсулоти кишварҳо кӯмак кунад.
“Омӯзиши мутахассисони фановарии иттилоотӣ (АйТи) ва табодули таҷриба аз дигар самтҳои ҳамкории миёни мо буда метавонанд. Масалан, Қазоқистон як давраи коромӯзиро дар Остана Ҳаб барои мутахассисони Тоҷикистонро пешниҳод кард, ки мо онро ба хайри худ ва рушди соҳа медонем”, - гуфт сардори Департаменти тавсеа рақамии вазорати рушди иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон.
Вай охирин мавридро эҷоди як think tank, ё махзани фикри минтақаӣ унвон кард, ки дар он таҳқиқоти муштараке дар мавриди иқтисоди рақамӣ анҷом мешавад, таҷриба табодул мекунанд ва гузоришҳои таҳлилиро ба нашр мерасонанд, ба унвони мисол, дар тавсеаи бахшҳои хос.