ДУШАНБЕ, 16 сен - Sputnik. Дар вилояти Хатлон барои будубоши ғайриқонунӣ нисбати 48 шаҳрванди хориҷӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳоро ба маблағи 67,5 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж” дар истинод ба Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон.
Ба иттилои сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Азизода Баҳодур дар давоми 8 моҳ 24 шаҳрвандони Молдова, 16 нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон, 4 нафар шаҳрвандони Покистон, 2 нафар шаҳрвандони Эрон ва 2 нафар шаҳрвандони Арманистон ҷарима шудаанд.
Оқои Азизода қайд кард, ки 48 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ давоми 8 моҳи соли равон дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои назоратӣ аз тарафи кормандони масъули Раёсат ва шуъбаю бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ошкор шудааст.
Ба гуфтаи вай ин нишондиҳанда нисбат ба ба ҳамин давраи соли гузашта 36 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зиёд аст.
“Нисбати 48 нафар шаҳрванди хориҷӣ бо моддаи 138 қисми 3 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд.”,-гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки аз ҳисоби тартиб додани санадҳои маъмурӣ 67 ҳазору 480 сомонӣ ба буҷети давлат ворид карда шудаст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51 ҳазору 480 сомонӣ бештар аст.