Ширкати русӣ қарзи маошашро дар назди 450 муҳоҷири тоҷик пардохт кард

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти Русия музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик баргардонида шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Музди меҳнати пардохт нашудаи беш аз 450 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон аз ширкати сохтмонии "Крокус Групп" ба маблағи зиёда аз 41 млн рубл баргардонида шуд.
Дар ин бора намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ Намояндагӣ масъалаи пардохт нашудани музди меҳнат дар асоси муроҷиатҳои гурӯҳи шаҳрвандон аз аввали моҳи августи соли ҷорӣ зимни вохӯриҳои пайваста бо роҳбарияти ширкати сохтмонӣ ва роҳбари Хадамоти назорат дар соҳаи меҳнат Михаил Иванков, вобаста ба бартараф намудани ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи меҳнат баррасӣ гардида, мактубҳои алоҳидагӣ ирсол гардид.
Аз муҳоҷират то тиҷорат: Раҳмон бо Ҳуснуллин чиро баррасӣ кард
Қайд карда шудааст, ки ширкати сохтмонии Русия дархостҳои Намояндагиро вобаста пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатии тоҷик қонеъ гардонида, ба коргарони тоҷик музди меҳнати аз 2 то 4 моҳа пардохтнашударо, ки беш аз 41 млн рублро ташкил дод, пардохт намуд.
Ҳамзамон намояндагӣ қайд кардааст, ки дар соли 2023 ин ниҳоди давлатӣ музди меҳнати нопардохт шударо дар ҳаҷми беш аз 238 млн рубл, муодил ба 27,3 млн сомонӣ тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамоҳангсозӣ бо корфармоён ва кӯмаки мақомотҳои дахлдори Русия баргардонидааст.