ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Барои ҳалли масъалаҳои марбут ба энергетика дар Осиёи Марказӣ бояд як платформаи махсус таъсис дода шавад.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои муассиси Сандуқи байналмилалии наҷоти Арал баён дошт.
Вай ёдовар шуд, ки соли гузашта дар ин ҳамоиш дастур дода шуда буд, ки Машварати вазирони энержӣ барои ҳалли ин гуна масоил ташкил карда шавад.
Раҳбари Тоҷикистон қайд кард, ки ба доираи фарогирии Бунёди наҷоти Арал ворид кардани масоили энержӣ ва таъсиси комиссияи алоҳида муҳим аст.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, пойгоҳи мазкур ҳамкории муассири кишварҳои минтақаро дар ҳалли мушкилоти доғи соҳаи энергетика таъмин хоҳад кард.
Раҳмон ҳамчунин натоиҷи раёсати Тоҷикистон дар Сандуқи байналмилалии наҷоти Аралро ҷамъбаст кард. Дар ин муддат 4 ҷаласаи раёсати созмон баргузор гардид, ки дар он аз рӯи масъалаҳои муҳими амалиётӣ 29 қарор қабул кард.
Ҳамоиши президентҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе ду рӯз идома дорад.
Дар баробари роҳбари кишвари мизбон, Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев, президенти Туркманистон Сардор Бердиммуҳаммадов, роҳбари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва президенти Қирғизистон, Содир Ҷабборов иштирок намуданд.