ДУШАНБЕ, 15 сен – Sputnik. Дар Қасри миллат дар ҳошияи вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба роҳбари парлумони Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мукофоти олии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ супорида шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, маросими тантанавии супоридани мукофоти олӣ бо иштироки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон сурат гирифт.
Таъкид шудааст, ки мукофотро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Бердимуҳаммадов тақдим кард.
Далели чунин қарор кардани сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, қадрдонӣ аз саҳми барҷастаи Бердимуҳаммадов дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек байни давлатҳои минтақа арзёбӣ шудаст.
Зикр гардидаст, ки Бердимуҳаммадов дар таъмиқи ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳои минтақа дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳо минтақа дар арсаи ҷаҳонӣ саҳми бузург гузоштаст.
Раиси Халқ Маслахати Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов баъди гирифтани мукофоти олӣ - "Нишони фахрӣ" ба Эмомалӣ Раҳмон барои меҳмоннавозии самимӣ ва ба сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои қадршиносӣ изҳори сипос намудаст.