Гусели президентҳои Осиёи Миёна аз Душанбе

Самолет Airbus A330-300
Одатан дар рӯзҳои пешвоз ва ё гусели роҳбарони кишварҳои хориҷӣ дар пойтахти Тоҷикистон ҳаракат дар хиёбонҳои марказӣ масдуд карда мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 сен – Sputnik Роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки тайи ду рӯз дар пойтахти Тоҷикистон қарор доштанд, ба Ватанҳояшон баргаштанд.
Баъди ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, нахуствазири Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода роҳбарони кишварҳои ҳамсояро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гусел кард.
Тайи рӯзҳои охир роҳбарони кишварҳои минтақа, аз ҷумла раисҷумҳури Қирғизистон, Содир Ҷабборов, президенти Қазоқистон - Қосим Ҷомарт Тоқаев, Туркманистон - Сардор Бердимуҳаммадов, Ӯзбекистон - Шавкат Мирзиёев дар Душанбе қарор доштанд.
Аральское море. Архивное фото
Ташкили ҷангалзор дар ҷойҳои хушкшудаи баҳри Арал
Ба ҳайси меҳмони фахрӣ, раисҷумҳури Озарбойҷон, Илҳом Алиев низ дар ҳамоиши машваратии сарони кишварҳои Осиёи Миёна дар Душанбе иштирок дошт.
Дар Душанбе роҳбарони кишварҳои минтақа созиш карданд, ки ҳамкориҳоро дар бахшҳои мухталиф, аз нақлиёт то тиҷорату обу энержӣ таҳким мебахшанд.
Созиш шудааст, ки барои истифодаи самараноку сарфакоронаи об ҷиҳати коҳиши паёмадҳои хушкшавии Арал иқдоми иловагӣ сурат хоҳад гирифт.