ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Завқи Завқизода вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи марказӣ гуфт, ки кишварҳои минтақа дар замони душвори рақобати афзояндаи геополитикӣ, сиёсатҳои таҳримотӣ ва бархурдҳои тиҷоратӣ зиндагӣ доранд.
Вай афзуд, дар ин ҳолат танҳо бо талошҳои муштарак кишварҳо метавонанд бо чолишҳо ва фишорҳои афзоянда ба минтақа муқовимат кунанд.
Вазири иқтисод таъкид кард, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ барои рушду пешрафт аз имкониятҳои зиёде бархурдоранд.
Аз ҷумла вай гуфт Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии (ММД) Осиёи Марказӣ дар давоми 20 сол беш аз 7 маротиба афзудааст. Суръати солонаи рушди иқтисоди дар ин давра 6,2%-ро афзоиш ёфтааст.
Вазири иқтисод қайд кард, ки дар ин давра афзоиши миёнаи солонаи иқтисоди ҷаҳонӣ ҳамагӣ 2,6 фоизро ташкил дода буд.
Ҳиссаи Осиёи Марказӣ дар ММД-и баробарии қудрати харид 1,8 баробар, гардиши савдои хориҷӣ шаш баробар, ҳаҷми сармоягузории захирашудаи мустақими дар минтақа 17 баробар, гардиши савдои кишварҳои Осиёи Марказӣ шаш баробар, аҳолии Осиёи Марказӣ, ки яке аз нишондиҳандаҳои муҳим аст 1,4 баробар афзудааст.
Ин рақамҳо аз дурнамо ва имкониятҳои васеи минтақаи Осиёи Марказӣ шаҳодат медиҳанд.
“Бо истифодаи оқилонаи имкониятҳо мо метавонем ба рушди бузурги иқтисодӣ ноил шавем”,- гуфт Завқи Завқизода.
Вай илова кард, ки дар ҳоли ҳозир шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон мебошад.
Соли гузашта гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ 23% ва ҳиссаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳаҷми умумии гардиши мол бо Тоҷикистон тақрибан 30% ташкил додааст.