Педофил - қотили духтари тоҷик Ҳувайдо ба ҳабси абад маҳкум шуд

Қаблан додгоҳи вилояти Маскав Александр Сёминро, ки дар таҷовуз ба номус ва куштори кӯдаки 5-сола гунаҳкор дониста мешавад, ба 24-соли зиндон маҳкум карда буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Александр Сёмин, ки духтари тоҷик Ҳувайдо Тиллозодаро таҷовуз карда, кушта буд, ба ҳабси абад маҳкум шуд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон падари Ҳувайдо Адбусалом Саидов хабар дод.
Қаблан додгоҳи вилояти Маскав Сёминро ба 24 соли зиндон маҳкум карда буд.
Падари духтар аз болои ин ҳукм шикоят бурда, мурофиаи навбатӣ рӯзи 13 сентябр баргузор шуд.
"Онҳо шикояти маро пазируфтанд ва қотилро ба ҳабси абад маҳкум карданд. Ман аз ин тасмим ҷонибдорӣ мекунам", - гуфт Саидов.
Ёдовар мешавем, ки Ҳувайдо Тиллозода 22 июли соли 2018 дар Серпухов ғайб зад.
Рӯзи дигар ҷасади духтарро дар дохили ҷузвдони варзишӣ дар назди роҳи оҳан пайдо карданд.
Эълони ҳукуми қотили Ҳувайдои 5 - сола дар Русия: падараш ҳабси абад мехоҳад
Қотил ба зудӣ маълум шуд - кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳамсояи ин хонавода, Александр Сёмини 28-соларо боздошт карданд.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ фавран ба омӯзиши сабтҳои камераҳои назоратии берунӣ дар саросари минтақа шурӯъ карданд.
Мулоқоти сафир бо падари Ҳувайдо пас аз эълони ҳукми қотил
Яке аз онҳо сабт кардааст, ки марде бо сумкаи калони варзишӣ сӯи роҳи оҳан мерафт ва бе он баргашт. Имсол, рӯзи 15 март додгоҳи вилояти Маскав алайҳи Александр Сёмин ҳукм содир кард ва ӯ 24 соли зиндон гирифт ва акнун ба ҳабси абад маҳкум шуд.