Мулоқоти Раҳмон бо кишвардорони Қазоқистону Қирғизистон: чиро баррасӣ карданд?

Кишвардори Тоҷикистон бо ҳамтоёни қазоқу қирғизаш дидору мулоқот карда, масоили шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии кишварҳоро баррасӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсарои шаҳрии ҳукумат бо раисиҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ва кишвардори Қирғизистон Содир Ҷабборов дидору мулоқот кард.
Президентҳо барои ширкат дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Душанбе омадаанд.
Бо Қосимҷомарт Тоқаев президенти Тоҷикистон маҷмӯи масоили шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии кишварҳо, ҳамчунин рӯзномаи чорабиниҳои сатҳи олиро баррасӣ кард, гузориш медиҳад дафтари матбуотии президент.
Онҳо ҳамчунин, робитаҳои дуҷониба, ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши молро муҳокима намуданд.
Тоқаев, Ҷабборов, Мирзиёев, Алиев ва Бердимуҳаммадов вориди Душанбе шуданд
Кишвардорон аз робитаҳои самарабахши доираҳои соҳибкорӣ ва натиҷаҳои Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон, ки чанд рӯз пеш баргузор гардид, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Суҳбат бо Содир Ҷабборов

Раҳмон ва ҳамтои қирғизаш зимни суҳбат ба масъалаи рушди муносиботи ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон, таваҷҷуҳ карда, аз идомаи муколамаи мунтазами сиёсӣ, бахусус дар сатҳи олӣ ҷонибдорӣ намуданд.
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов дар Душанбе
Ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба мавзӯъҳои алоҳидаи минтақавӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ кардаанд.