Шаш ҷашнвора дар як рӯз: Аз таҷлил Иди тарбузу харбуза, то оши палав дар Душанбе - видео

14 сентябр дар Боғи ба номи А. Фирдавсӣ намоиши таомҳои миллӣ, идҳои тарбуз, харбуза, каду, себ, ангур ва Фестивали оши палав дар сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Sputnik
Болаззат, анъанавӣ ва аз самими қалб: намоишгоҳи таомҳои миллӣ, ҷашни тарбуз, харбуза, каду, себ, ангур ва ҷашни оши палав - ва ин ҳама дар як рӯз дар як ҷо.
Дар Душанбе, дар боғи ба номи Абулқосими Фирдавсӣ чорабинии рангин баргузор шуд, ки дар он хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аст иштирок дошт.
Беҳтарин лаҳзаҳои ин ҳамоиши фарҳангӣ зери дурбини наворбардории хабарнигори мо.
Идомаи ярмаркаҳо дар Душанбе: Кадом минтақаҳо маҳсулоташро пойтахт овард?
Имрӯзҳо дар боғҳои Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ доир гаштааст.
Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ то 15 сентябр дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе аз ҷониби вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ гузаронида мешаванд.
Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ҳамарӯза соати 08:00 оғоз ёфта, қисмати намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ аз ҷониби вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бегоҳирӯзӣ доир мешавад.
Кишоварзони атрофи Душанбе маҳсулоташонро арзон пешниҳод карданд - видео
Барои ташкили намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатии пойтахт вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вобаста шудаанд.