ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ - Амрико (С5+1), ки қарор аст 19 ё 20-уми сентябр дар ИМА баргузор шавад, ширкат хоҳад кард, иттилоъ додааст Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар таъкид кардааст, ки Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден ба ин чорабинӣ даъват шудааст.
Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ин сафар дар иҷлосияи Маҷмаи умумии СММ суханронӣ мекунад.
Ба иттилои хадамоти матбуоти раисҷумҳур кишвардори Тоҷикистон аз 18 то 21-уми сентябр дар Амрико хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, нишасти сарони “Осиёи Марказӣ ва ИМА” (С5+1) як платформаи муколама ва талошҳои муштараки ИМА ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар чунин шакл ин нишаст барои нахустин бор дар Самарқанд, дар моҳи ноябри соли 2015 ташкил шуда буд. Қаблан ин нишаст дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ баргузор мешуданд. Аммо соли равон бори аввал аст, ки мулоқоти мазкур дар сатҳи руасои ҷумҳур баргузор мешавад.
Интизор меравад, ки роҳбарони кишварҳои Осиёи марказӣ ва ИМА дар масоили амният, иқтисод ва муҳити зист табодули назар кунанд.
Нишасти охирини вазирони корҳои хориҷӣ дар шакли “С5+1” рӯзи 28 феврал дар Остона баргузор шуд. Он замон ҷонибҳо тавсеаи равобити тиҷоративу иқтисодиро ҳам миёни кишварҳои минтақа ва ҳам бо Иёлоти Муттаҳида баррасӣ карда буднд.